Хабаргузории нимарасмии Форс навишт, ки киштии нафткашро неруҳои баҳрии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ боздоштаанд. Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, ки Теҳрон барои даст ёфтан ба сабуктар кардани таҳримоти иқтисодӣ ба ҳаракати озодонаи киштиҳо дар обҳои Халиҷи Форс хатар эҷод мекунад.
Хабаргузории "Ройтерс" аз қавли сухангӯи вазорат навиштааст, ки режими Эрон "ҳамчунон ба ҳаққи шиноварӣ ва озодии киштиҳо дар Халиҷи Форс таҳдид мекунад."
Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, дар рӯзҳои наздик ҳайати ҳукуматиро ба Эрон хоҳад фиристод, то киштии нафткашашро раҳо кунад. Эрон талаб дорад маблағҳои эрониро, ки дар Сеул ба далели таҳримоти ИМА дастнорас карда шудаанд, ба Эрон баргардонад.