Ин майдон бо кӯмаки Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкати "Art Uz Promotion Agency" сохта шудааст. Ҳадаф аз сохтани майдони яхмолакбозӣ ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва варзиш миёни мардум унвон шудааст.
Дар рӯзи кушоиши майдон ҳунарнамоии овозхонони Русияву Узбекистон ва дигар барномаҳои тафреҳӣ дар назар аст.