Ссылки доступа

Арабистони Саудӣ истихроҷи нафтро кам, Русияву Қазоқистон зиёд мекунанд


Русияву Қазоқистон дар моҳҳои феврал, марти соли ҷорӣ истихроҷи нафтро афзоиш медиҳанд. Дар иваз, Арабистони Саудӣ ба хотири ҳифзи эътилофи ОПЕК+ ва пуштибонӣ аз бозори ҷаҳонии нафт, истихроҷи нафтро кам мекунад.

Русияву Қазоқистон рӯзи 4 январ созиш карданд, ки дар моҳи оянда истихроҷи нафтро то ба 500 ҳазор бушка афзоиш диҳанд. Аммо Арабистони Саудӣ бо назардошти паҳншавии навъи нави вабои коронавирус ва эҳтимоли ҷоришавии карантин дар бисёре аз кишварҳо ва коҳиши ниёз ба нафту уфти арзиши он, зидди афзоиши истихроҷи нафт баромад.

ОПЕК+ 13 кишвари истихроҷкунанди нафтро муттаҳид мекунад, ки Арабистони Саудӣ дар он нақши калидӣ дорад.

Арабистони Саудӣ эълом кард, ки бо назардошти уфти ниёз ва қимати нафт дар моҳҳои оянда истихроҷи онро то ба як миллион бушка коҳиш медиҳад. Кишварҳои дигари узви ОПЕК+ ҳанӯз дар ин маврид вокунише накардаанд.

XS
SM
MD
LG