Ссылки доступа

Нигарониҳо аз беҷазо мондани гумонбарони асосии парвандаи обанбори Узбекистон


Дар Додгоҳи шаҳри Тошканд 5 январ мурофиаи навбатии 17 нафаре пушти дарҳои баста баргузор шуд, ки дар доираи парвандаи рахнаи садди обанбори Сардобаи Узбекистон дастгир гаштаанд.

Ба гуфтаи вакили дифои яке аз гумонбарон, додрас дар мурофиаи 5 январ баёноти Бахшулло Асадов, сардори Идораи канали "Тупаланг"-и марбут ба корхонаи "Узгидрострой" ва Каримҷон Рӯзиев, мудири ширкати сохтмониро шунидааст.

Бар асоси айбнома, рахнашавии садди обанбор 45 миллиард сом (4 миллиону 280 ҳазор доллар) зарар расондааст ва гумонбарони парванда танҳо як қисми онро ҷуброн кардаанд.

Додгоҳи олии Узбекистон пештар эълом карда буд, ки баррасии парвандаи марбут ба рахнашавии обанбор ба иллати дарбар гирифтани сирри давлатӣ пушти дарҳои баста баррасӣ мешавад.

Вале наздикони гумонбарон ва худи онҳо мегӯянд, мақомот ба пардохти ҷуброни зарар танҳо паймонкоронро маҷбур мекунанд ва мансабдор Абдуганӣ Сангинову наздиконаш, ки маҳз сад зери раҳбарии бевоситаи ӯ бунёд шудааст, боре бозпурсӣ накарда нашуданд.

Дар доираи парвандаи марбут ба садди обанбор ҷамъан 171 кас бозпурсӣ шудааст. Ба гуфтаи вакили дифоъ, дар миёни 17 гумонбар 4 корманди ширкати "Узгидроэнерго", 3 корманди "Узбекистон темир йулларӣ" ва шахсоне ҳастанд, ки дар корҳои сохтмонии сад иштирок доштанд.

Обанбори Сардоба соли 2017 бо харҷи 404,4 миллион доллар сохта шуд. Дар пайи рахнаи он чанд минтақаи Узбекистон ва Қазоқистон зери об монд.

XS
SM
MD
LG