Ссылки доступа

Зидди як қатор мансабдорони Вазорати фарҳанги Қирғизистон парванда боз шудааст


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, масъулони Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии ин кишвар бинои ширкати табъу нашри "Эркин-Тоо"-ро ғайриқонунӣ аз рӯйхати давлатии мероси таърихию фарҳангӣ берун кардаанд.

Ба огаҳии Хадамоти мубориза зидди фасоди кумита, масъулони Вазорати фарҳанги Қирғизистон дар рафти берун кардани бинои "Эркин-Тоо" аз рӯйхати мазкур аз мақоми худ сӯистифода кардаанд.

Бинои корхонаи табъу нашри "Эркин-Тоо", ки дар кӯчаи Киеви шаҳри Бишкек, назди гулгашти Эркиндик ҷойгир аст, соли 2002 ба рӯйхати давлатии мероси таърихию фарҳангӣ шомил карда шуда буд. Тахриб, бозсозӣ ва тағйири биноҳое, ки шомили ин рӯйхат ҳастанд, танҳо бо иҷозати ҳукумати Қирғизистон сурат мегирад. Вале саҳмдорони "Эркин-Тоо" ва масъулони Вазорати фарҳанги Қирғизистон соли 2015 ғайриқонунӣ биноро аз рӯйхат берун кардаанд.

Ба иттилои хадамот, саҳмдорон мехостанд, дар ҷои "Эркин-Тоо" бинои баландошёнаи зист бунёд кунанд. Дар ҳоли ҳозир барои баргардонидани бинои мазкур ба рӯйхати мероси таърихӣ-фарҳангӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG