Ссылки доступа

Телевизиони Қирғизистон қарордоди ҳамкорӣ бо Радиои Озодиро қатъ кард


Телевизиони давлатии Қирғизистон "ЭлТР" қарордоди пахши барномаҳои бахши қирғизии Радиои Озодиро ба таври якҷониба ва пеш аз муҳлат қатъ кард.

Мудири кулли "ЭлТР" Эрлан Догдурбеков гуфт, ин қарорро шӯрои эҷодии телевизион қабул кардааст.

"Мо дар соли 2021 сабади худро дигар ва барномаҳои нав шомил мекунем. Мо барномаҳои баргардоншудаи хориҷиро шомил месозем. Ҳоло талабот ба онҳо бештар шудааст. Тамошобинон мегӯянд, ки барномаҳои мо хеле дер пахш мешаванд. Бинобар ин, зарурати холӣ кардани эфир пеш омад. Мо бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳамкориҳои хуб доштем. Ба раҳбарият ва кормандони он миннатдорӣ баён менамоем", - изҳор дошт мудир.

Ба гуфтаи Догдурбеков, бар асоси бандҳои қарордод, ҷонибҳо ҳақ доштанд, ки онро якҷоҷониба қатъ намоянд.

Шӯрои эҷодии "ЭлТР" моҳи ноябри соли 2020 таъсис ёфта, ба ҳайати он кормандони телевизион шомил мешаванд.

Телевизиони "ЭлТР" моҳҳои август, сентябр ва декабри соли 2020 борҳо аз пахши барномаҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар бораи интихобот, қурбониёни коронавирус, хабарҳои дуруғ ва қарзи давлатии Қирғизистон аз Чин худдорӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG