Ссылки доступа

Баъди қабули қонуни амниятӣ даҳҳо мухолифро дар Ҳонконг боздошт карданд


Даҳҳо фаъоли мухолифин ва вакилони пешини Ҳонконг рӯзи чаҳоршанбе бо айби ҳамла ба амнияти миллӣ боздошт шуданд. Дар ин бора расонаҳои байналхалқӣ хабар медиҳанд.

Ба навиштаи расонаҳо, ин густардатарин таъқибест, ки баъди қабули қонуни нави амнияти миллӣ сурат мегирад. Қонуни нав моҳи июни соли 2020 дар Чин қабул шуд.

Пулис гуфт, рӯзи чаҳоршанбе ҳадди ақал 53 сокини Ҳонконгро бо айби хатар ба мақомоти давлатӣ боздошт кардааст. Ҷон Лӣ, котиби амниятии Ҳонконг гуфт, боздоштшудаҳо тасмим доштанд, бо баргузор кардани гирдиҳамоиҳо монеи фаъолияти ҳукумат шаванд. Намояндагии Пекин дар Ҳонконг гуфт, мухолифон талош доштанд, тавассути барангехтани иғво монеи низоми интихоботӣ шаванд. Мақомоти Чин ба иштироки мухолифон дар интихоботи порлумони шаҳрӣ чунин вокуниш нишон доданд.

Ҷон Клансӣ, вакили мудофеи амрикоӣ дар шумори боздоштшудаҳо аст. Ин нахустин ҳолатест, ки қонуни нави чинӣ дар бораи амнияти миллӣ нисбати хориҷиҳо дар Ҳонконг истифода мешавад. Мақомот Клансиро дар пуштибонии молӣ аз мухолифон гумонбар мекунанд.

Шуруъ аз баҳори соли 2019 то оғози вабои ҳамагири коронавирус дар баҳори соли 2020 сокинони Ҳонконг зидди қабули қонун дар бораи истирдоди ҷинояткорон ба Чин эътироз карданд. Дар натиҷаи эътирозҳо қабули қонун бекор шуд. Мухолифин дар интихоботҳои маҳаллӣ фаъолона иштикро карданд. Интихоботи шаҳрӣ, ки мухолифон пирӯзии зиёд ба даст оварданд, аз сӯи мақомот бекор карда шуд.

XS
SM
MD
LG