Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон таъмини нерӯи барқ маҳдуд шуд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Баъзе оилаҳои тоҷик маҷбур шудаанд, аз истеъмоли гӯшт даст кашанд. Баъзе оилаҳои тоҷик маҷбур шудаанд, аз истеъмоли гӯшт даст кашанд. Ҳамкорони мо аз телевизиони Настояшее время дар ин бора гузориш доранд. (видео)

- Дар Тоҷикистон таъмини нерӯи барқ маҳдуд шуд. Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" гуфтанд, лимит танҳо ба аҳолии деҳот дахл дошта, дар нисбати сокинони биноҳои баландошёна истифода намешавад. Вале, мушоҳидаҳои Барот Юсуфӣ баръакси ин гуфтаҳоро нишон медиҳад (видео)

- Падари панҷгоник умед дорад, дар Душанбе соҳиби хона мешавад. Вале мақомот гуфтаанд, барои панҷгоник дар канори манзили бобояшон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон манзили нав месозанд (видео)

- Навиштаҷоти ҷанҷолӣ дар як кӯчаи Хуҷанд. Дар яке аз роҳравҳову деворе дар шаҳри Хуҷанд навиштаҷоте бо даъвати истеъфои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пайдо шуда ва рӯзе баъд пок шудааст. Маълум нест, кӣ ва кай онро навиштааст, вале видеои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. (видео)

- "Арбобхотун" аз ноҳияи Рӯдакӣ ба тобеияти пойтахт гузашт. Акнун соҳиби мактаб мешавад? Маҳаллаи "Арбобхотун" аз ноҳияи Рӯдакӣ ба тобеияти пойтахт гузашт. Акнун соҳиби мактаб мешавад? Гузориши Алишер Зарифӣ ва Шаҳлои Абдулло. (видео)

- Тоҷикистон иддао дорад, ки бар коронавирус пирӯз шудааст. Тоҷикистон иддао дорад, ки бар коронавирус пирӯз шудааст. Аз ин ҷост, ки бисёре аз сокинони шаҳри Душанбе ниқобҳояшонро дар ҷайбашон нигаҳ медоранд. (видео)

- Як парвози чартерӣ дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд анҷом ёфт. Рӯзи 5-уми январ як парвози чартерӣ дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд анҷом ёфт. Гузориши Искандар Фирӯз ва Барот Юсуфӣ. (видео)

- Мусофирони бемору корафтодаро аз Осиёи Марказӣ ба Русия роҳ надодаанд. (видео)

- Ду ҳамроҳи Асрориддин Розиқовро 6-солӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе ду нафарро бо гуноҳи "дастрас кардани кумак" ба хонаводаи аъзои зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ маҳкум кардааст. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG