Ссылки доступа

Твиттер, Фейсбук ва Инстаграм саҳифаҳои Доналд Трампро масдуд карданд


Дар пайи вуруди тарафдорони Доналд Трамп ба бинои Конгресси Амрико, маъмурияти шабакаҳои Твиттер, Инстаграм ва Фейсбук эълон карданд, ки саҳифаҳои кории Трампро муваққатан масдуд мекунанд.

Маъмурияти шабакаи Твиттер гуфт, дар пайи се твитти Доналд Трамп саҳифаҳои ӯ барои 12 соат масдуд мешаванд. Твиттер гуфтааст, агар Доналд Трамп ин се твитро пок накунад, саҳифаи ӯ ҳамчунон масдуд хоҳад монд ва мумкин аст ба таври комил саҳифаи раиси ҷумҳури Амрико қатъ шавад.

Ба гуфтаи ин шабака, се твит ба хушунатҳои рӯзи чаҳоршанбе дар Вошингтон ва вуруди ҳаводорони Трамп ба бинои Конгрес доман задаанд.

Соате пас аз Твиттер, Фейсбук ҳам эълом кард, ки саҳифаи кории Доналд Трампро бо далели нақзи қонун барои 24 соат масдуд мекунад. Инстаграм ҳам мегӯяд, ҳисоби корбарии Доналд Трампро барои 24 соат масдуд мекунад.

Маъмурияти се шабакаи маъруфи иҷтимоӣ дар ҳоле саҳифаҳои кории Доналд Трампро масдуд мекунанд, ки тарафдорони ӯ рӯзи чаҳоршанбе ҷаласаи Конгрессро барҳам заданд. Қарор буд дар нишасти якҷояи вакилони Амрико натиҷаҳои интихоботи президентии моҳи ноябр тасдиқ ва расмиёти ахир барои вуруди Ҷо Байден ба Кохи Сафед иҷро шавад.

XS
SM
MD
LG