Ссылки доступа

Сокинони баландошёнаҳои Туркманистон аз сардии хонаҳо дар фасли сармо шикоят доранд


Туркменистан (архивное фото) 

Сокинони шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон шикоят доранд, ки дар ҳавои 10 дараҷа сард дар хонаҳои сард зиндагӣ доранд.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ишқобод мегӯяд, сокинони пойтахти Туркманистон аз он шикоят доранд, ки низоми гармидиҳии шаҳр дар фасли сармо тавони гарм кардани хонаҳои онҳоро надорад ва онҳо ҳоло маҷбур ҳастанд, дар хонаҳои сард зиндагӣ кунанд.

"Аз Хадамоти коммуналӣ омаданд, қубурҳоро санҷиданд. Дар қубурҳо об ҳаст, вале оби хунук ва фишораш ҳам хеле паст аст", - изҳор дошт як сокини Ишқобод.

Як сокини дигари пойтахти Туркманистон гуфт, ба далели хуб кор накардани низоми гармидиҳӣ маҷбур ҳастанд, ки шабона хонаҳоро бо дастгоҳҳои газии ғизопазӣ гарм кунанд.

Як мутахассиси соҳа аз Ишқобод ба шарти ифшо нашудани номаш ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, бештари зербиноиҳои пойтахти Туркманистон, бахусус қубурҳои оби гарм ҳам дар биноҳои солҳои 80у-м ва ҳам биноҳи баъди соли 2000-ум дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Ба гуфтаи ӯ, сокинони Ишқобод чанд сол аст, ки бо ин мушкил рӯбарӯ ҳастанд. "Ин вазъ 20 сол аст, идома дорад", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG