Ссылки доступа

Мақомоти амниятии Қирғизистон сарвазири пешини он кишварро ба бозпурсӣ даъват карданд


Сарвазири пешин ва раиси пешини ҳизби "Республика"-и Қирғизистон Омурбек Бабановаро ба бозпурсии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) даъват карданд.

Аз КДАМ хабар доданд, тафтиши чанде аз парвандаҳо идома дорад, ки яке аз афроди дар онҳо зикршуда Бабанов аст.

Сана ва соати бозпурсӣ дақиқ нест.

Баъди интихоботи президентии соли 2017 дар Қирғизистон, ки Омурбек Бабанов мақоми дувумро касб карда буд, кишварро тарк ва фаъолияти сиёсиашро хатм кард. Вай дар Москва қарор дошт ва моҳи августи соли 2019 ба Қирғизистон баргашт.

Бабановро дар моҳи августи соли 2019 дар пулиси молӣ ва КДАМ борҳо бозпурсӣ карданд. Мақомоти Қирғизистон хабар доданд, ки нисбати Бабанов 8 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG