Ссылки доступа

Марги як мансабдори пешини Туркманистон дар зиндон баъди 18 соли ҳабс


Маъракаи "Онҳоро зинда нишон диҳед!" хабар дод, ки рӯзи 28 декабри соли 2020 Язгелдӣ Гундогдиев, як мансабдорони пешини Туркманистон дар зиндон вафот кардааст.

Гундогдиев бо айби табаддулоти давлатӣ ва барканории президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов зиндонӣ шуда буд.

Вай дар маҷмуъ 18 сол зиндонӣ буд ва бо олами беруна робита надошт. Пайвандон, вакилони мудофеъ, табибон ва намояндагони созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ наметавонистанд, бо ӯ мулоқот кунанд, хабар медиҳад сомонаи маъракаи "Онҳоро зинда нишон диҳед" рӯзи 4 январ.

Гундогдиев дар синни 64 фавтид. Вай роҳбари шуъбаи байналхалқии дастгоҳи президент ва раиси вилояти Дашоғузи он кишвар буд.

Язгелдӣ Гундогдиев моҳи январи соли 2003 ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд.

XS
SM
MD
LG