Ссылки доступа

Байден Трампро дар заъифсозии демократия айбдор кард


Президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден рӯзи панҷшанбе аз президенти амалкунандаи Амрико Доналд Трамп интиқоди шадид кард.

Байден Трампро дар заъифсозии демократияи амрикоӣ ва барангехтани эҳсосоте айбдор кард, ки рӯзи 6 январ боиси сар задани хушунат дар Вашингтон гардид.

Байден гуфт, ҷонибдорони Трампро, ки вориди бинои Капитолий шуданд, наметавон, "эътирозгар" унвон кард. Вай ин афродро "анбуҳи ҳамлагар" ва "террористи дохилӣ" номид. Байден аз Трамп низ интиқоди шадид кард, ки шикасташро дар интихоботи президентӣ намехоҳад, эътироф кунад. Байден мустақиман ба истеъфои Трамп даъват накард, аммо гуфт, рафтори Трамп ба ҳайси президент боиси заъиф шудани демократия гардидааст.

Нэнсӣ Пелосӣ, роҳбари демократҳо дар Сенати ИМА ва раиси Палатаи намояндагон ба барканории фаврии Трамп аз мақоми президентӣ даъват кард. Ҳарчанд рӯзи 20 январ муҳлати президентии Трамп ба поён мерасад, аммо Пелосӣ гуфт, набояд мунтазири он рӯз нишаст.

Пелосӣ дар суханрониаш аз президенти Русия Владимир Путин ҳам ёдовар шуд. Вай Трампро "ёвари Путин" номид, ки ба бовараш, Трамп бо заъифсозии нуфузи демократия дар дунё ба президенти Русия "туҳфа"-е тақдим кардааст.

Трамп ҳанӯз ба ин изҳорот вокуниш накардааст. Саҳифаҳои вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ баста шудаанд.

Трамп пирӯзии Байденро дар интихоботи рӯзи 3 ноябр эътироф накард. Трамп гуфт, интихобот тақаллуб шудааст. Конгресси ИМА рӯзи 6 ноябр бо ташкили ҷаласа тасмим дошт, натиҷаҳои интихоботро тасдиқ кунад. Аммо баъди ворид шудани тарафдорони Трамп ба бинои Капитолий - қароргоҳи Конгресс, ҷаласа ба ҳам зада шуд. Ҷаласа танҳо баъди чанд соат ва бо дахолати неруҳои вижа барқарор гардид.

Рӯзи панҷшанбе Трамп ваъда дод, ки 20 январ ҳукуматро таслим мекунад. Ҳарчанд гуфт, ки шикастро эътироф нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG