Ссылки доступа

Узбекистону ИМА ва Қазоқистон тарҳи $1 миллиардиро амалӣ мекунанд


Ҳукуматҳои ИМА, Қазоқистон ва Узбекистон сармоягузории муштаракро дар Осиёи Марказӣ шуруъ карданд. Изҳороти се кишвар рӯзи 7 январ дар сомонаи сафорати ИМА дар Узбекистон нашр шуд.

Дар изҳорот омадааст, ки ширкатдорони тарҳ аз пайвастшавии кишварҳои дигар ба ин иқдом ва пешбурди шарикии иқтисодии минтақавӣ истиқбол хоҳанд кард.

"Дар доираи ин ташаббус Ширкати байналхалқии молии рушди ИМА, Маркази молии байналхалқии "Остона" ва вазорати сармоягузориву рушди тиҷории Узбекистон талош мекунанд, ки барои пуштибони аз тарҳҳои соҳибкорони хусусӣ ва густариши робитаҳои иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ дар давоми панҷ соли оянда на камтар аз 1 миллиард доллар ҷудо кунанд", - омадааст дар изҳорот.

Кишварҳои мазкур гуфтаанд, Сармоягузории муштараки Осиёи Марказӣ тарҳҳои бахши хусусии тиҷоратро пуштибонӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG