Ссылки доступа

Дар Покистон эътирофи дипломҳои Қирғизистон ва Узбекистонро талаб доранд


Садҳо табиб ва донишҷӯ ду рӯз дар шаҳри Исломободи Покистон бо талаби эътирофи дипломи донишгоҳҳои тиббии Узбекистону Қирғизистон даст ба тазоҳурот заданд.

Ҳудуди ду ҳазор донишҷӯй ва покистоние, ки донишгоҳҳои Узбекистон ва Қирғизистонро хатм кардаанд, 7 январ дар назди бинои Комиссияи тиббии Покистон ҷамъ шуданд. Пулис як рӯз пеш онҳоро бо чӯбдасту мошинҳои обпош пароканда карда буд. Тазоҳургарон дар посух ба тарафи маъмурони амниятӣ санг ҳаво доданд.

Мақомоти Покистон ахиран ҳамаи донишгоҳҳои тиббии Қирғизистонро ба "рӯйхати сиёҳ" ворид карданд. Зеро хатмкунандагони покистонии донишгоҳҳои мазкур натавонистанд дар ватан аз имтиҳони ҳатмии комиссияи тиббӣ гузаранд. Ба ин рӯйхат 6 донишгоҳи Узбекистон ҳам шомил карда шудааст.

Дар Вазорати маориф ва илми Қирғизистон гуфтанд, ки аз ин ба баъд талабот аз донишгоҳҳо сахттар мешавад. Аз ҷумла, онҳо бояд иҷозатномаи байналмилалӣ дарёфт кунанд ва сатҳи хидматрасонӣ ба хориҷиҳоро боло баранд.

XS
SM
MD
LG