Ссылки доступа

Дар Намангон пули навбунёд фурӯрехт


Обрушение моста в парке отдыха, расположенного на берегу Молодежного озера в городе Ургенч Хорезмской области, привела к гибели 16 человек.
Обрушение моста в парке отдыха, расположенного на берегу Молодежного озера в городе Ургенч Хорезмской области, привела к гибели 16 человек.

Пуле, ки дар ноҳияи Давлатободи вилояти Намангони Узбекистон бар рӯдхонаи Фарғонаи Шимолӣ сохта шуда буд, фурӯрехт.

Бино ба хабари расонаҳои маҳаллӣ, ин пули 37-метрӣ, воқеъ бар рӯдхонаи назди мақбараи "Ун битта Аҳмад" рӯзи 8 январ фурӯрехтааст.

Дар маъмурияти вилояти Намангон гуфтанд, ки пули пиёдагузар барои осон кардани зиёрати мақбараи "Ун битта Аҳмад" аз тарафи як соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда буд.

Дар натиҷаи фурӯрезии пул касе осеб надидааст.

Ёдрас мешавем, чаҳор сол пеш дар ҷараёни як консерт дар боғи шаҳри Ургенчи вилояти Хоразми Узбекистон пуле фурӯрехта буд. Дар натиҷа 16 кас ғарқ шуданд ва бештари онҳо ноболиғон буданд.

XS
SM
MD
LG