Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ҳамаи боздоштшудаҳоро раҳо карданд


Боздошти эътирозгаронро дар рӯзи интихоботи порлумонии Қазоқистон муовини вазири корҳои дохилии он кишвар Аристонганӣ Заппаров шарҳ дод.

"Талоши ташкили роҳпаймоӣ ва гирдиҳамоии ғайриқонунӣ, инчунин даъват ба иштирок дар онҳо ҷо дошт", - гуфт Заппаров дар як нишасти хабарӣ шоми якшанбеи 10 январ.

Ба гуфтаи муовини вазир, боздоштшудаҳо "ба талаби намояндагони давлат итоат накарданд" ва пулис маҷбур шуд, "онҳоро боздошт кунад".

"Баъди суҳбат ҳамаи боздоштшудаҳо раҳо шуданд. Ҳеч кадоми онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ё ҷиноӣ ҷалб нашудааст", - гуфт Заппаров.

Дар рӯзи интихоботи порлумонӣ - якшанбеи 10 январ - дар шаҳрҳои Алмато, Оқтеппа, Чимкент, Уралск ва дигар шаҳрҳои Қазоқистон иқдоми эътирозӣ ва талоши ташкили гирдиҳамоӣ сурат гирифт. Даҳҳо тан аз эътирозгарон боздошт шуданд.

Дар остонаи интихобот гуруҳҳои мухолифин сокинони Қазоқистонро ба ташкили эътирозҳо ва бойкоти интихобот даъват карданд.

XS
SM
MD
LG