Ссылки доступа

Ҷабборов сафари нахустини хориҷияшро ба Қазоқистон анҷом медиҳад


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев Содир Ҷабборовро бо пирӯзияш дар интихоботи президентии Қирғизистон табрик кард. Дар ин бора сомонаи президенти Қазоқистон иттилоъ додааст.

Ба огаҳии манбаъ, Тоқаев гуфтааст, "натиҷаҳои интихоботи президентӣ нишон доданд, ки мардуми Қирғизистон барномаҳои Ҷабборовро дар бораи тақвияти минбаъдаи давлат ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии ин кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд".

Президенти Қазоқистон аз Ҷабборов даъват кардааст, ки сафари расмиеро ба он кишвар анҷом диҳад. Ҷабборов ҳам даъватро қабул карда, гуфтааст, нахустин сафари расмии хориҷии ӯ ҳамчун президенти Қирғизистон ба Қазоқистон хоҳад буд.

Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Қирғизистон шоми 10-уми январ поён ёфт. Кумисюни марказии интихобот гуфт, 95 дарсади овозҳоро шумурданд ва, бино бар он, Содир Ҷабборови 52-сола, ки ҳамагӣ се моҳ пеш аз сӯйи эътирозгарон аз зиндон озод гардид, бо беш аз 79 дарсад раъй пирӯз шудааст.

XS
SM
MD
LG