Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқи Ғарб боз доштани фаъолон дар Қазоқистонро "равиши таъқибгароёна" номиданд


Ҳомиёни ҳуқуқи ғарбӣ боз доштани фаъолонеро дар шаҳри Алматои Қазоқистон маҳкум карданд, ки мехостанд дар рӯзи интихоботи порлумонии ин кишвар тазоҳурот кунанд. Нерӯҳои махсуси пулиси Қазоқистон фаъолонро иҳота карда, онҳоро чандин соат дар як макони кучак нигаҳ доштанд.

Мушовири аршади Кумитаи норвежии Ҳелсинк Ивар Дале аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев даъват кардааст, ки "ба ин гуна нақзи ҳуқуқи инсон хотима бахшад".

"Қазоқистон зидди шаҳрвандоне, ки интихоботи озоду одилона талаб мекунанд, аз стратегияи таъқибгароёна истифода мекунад. Агар пулиси Қазоқистон дар гузашта фаъолонро дастаҷамъона боздошт мекард, ҳоло онҳоро ба муддати соатҳо дар як макони танг дар кӯча нигаҳ медорад", - афзудааст Ивар Дале.

Пажӯҳишгари аршдаи созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch дар умури Осиёи Марказӣ Мира Риттман дар Twitter боз доштани фаъолони қазоқро "равиши таъқибгароёна зидди як гуруҳи эътирозгарони осоишта" номидааст.

Дар рӯзи интихоботи порлумонии Қазоқистон - 10-уми январ - дар шаҳрҳои Алмато, Оқтеппа, Чимкент, Уралск ва шаҳрҳои дигари ин кишвар иқдоми эътирозӣ ва талоши ташкили гирдиҳамоӣ сурат гирифт.

Эътирозгарон дар Алмато асосан аз гуруҳи ташаббускор барои ташкили Ҳизби демократ ва аъзои ҷунбиши "Oyan, Qazaqstan" буданд. Онҳо рӯзи 10-уми январ ба кӯчаҳо баромаданд, аммо зуд аз сӯи нерӯҳои вижаи пулис иҳота карда шуданд.

XS
SM
MD
LG