Ссылки доступа

Корпартоии коргарони кони тилои Оқтеппаи Қазоқистон


Коргарони кони тилои "Юбилей"-и вилояти Оқтеппаи Қазоқистон корпартоӣ эълом ва истеҳсолотро қатъ карданд.

Онҳо талаби то 50 дарсад афзоиши маошро доранд. Коргарон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтанд, ки фаъолияти кон комилан қатъ шудааст.

"Аз соли 2009 ба ин тараф дар кон кор мекунам. Маошам 215 долларро ташкил медиҳад. Панҷ соли охир маоши мо наафзудааст. Борҳо ба роҳбарият гуфтем, ки маош кам аст. Ваъда карданд, аз моҳи январ 15 дарсад маошро бештар мекунанд. Ба чӣ дард мехӯрад 15 дарсад? Агар зиёд карданӣ ҳастанд, бигзор 50 дарсад зиёд кунанд", - гуфт Айдос Бейсембин, яке аз коргарони кон.

Дар маҷмуъ наздики 100 тан аз коргарон даст ба корпартоӣ задаанд.

Кони мазкурро ширкати қазоқистонии AltynEx Company коркард мекунад. Ҳоло роҳбарияти ширкат бо коргарон вориди гуфтугӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG