Ссылки доступа

Рӯзноманигори яке аз ситодҳои номзад ба мақоми президентии Қирғизистонро ба бозпурсӣ даъват карданд


Рӯзноманигор Нурзода Токтогуловаро, ки дар ситоди номзад ба мақоми президентии Қирғизистон Абдил Сегизбоев фаъолият мекард, рӯзи 12 январ бештар аз 2 соат дар Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар бозпурсӣ карданд.

Токтогулова гуфт, баёноти фош накардани сирри тафтишотро имзо кардааст, ба ин далел наметавонад, аз ҷузъиёти бозпурсӣ хабар диҳад.

Дар даъватномаи КДАМ навишта шуда буд, ки Токтогулова ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ мешавад. Мээрим Асанова, сухангӯи ситоди Сегизбоев гуфт, бозпурсии рӯзноманигор ба фаъолияташ дар ситоди Сегизбоев рабт дорад.

КДАМ дар ин бора то кунун шарҳе надодааст.

Нурзода Токтогулова дар солҳои 2012-2014 роҳбари хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон, дар солҳои 2016-2017 роҳбари телевизиони "Пирамида"-и Қирғизистон буд.

Дар интихоботи президентии пеш аз муҳлати Қирғизистон, ки рӯзи 10 январи соли ҷорӣ баргузор шуд, дар ситоди номзад ба мақоми президентӣ Абдил Сегизбоев фаъолият кард.

XS
SM
MD
LG