Ссылки доступа

Дар Тошканд техникаҳои ҳарбӣ истеҳсол мешавад


Тарҳи истеҳсоли техникаҳои махсус ва ҳарбӣ дар ноҳияи Нурафшони вилояти Тошканди Узбекистон ахиран ба президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев пешниҳод шудааст.

Бино ба хабари расонаҳои маҳаллӣ, тарҳи ба роҳ мондани истеҳсоли техникаҳои ҳарбӣ дар масоҳати 12 ҳектар замин 55 миллион доллар харҷ дорад.

Бонки миллии Узбекистон барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ҷудо карда, 16 миллион доллари дигарро ширкати "Nurafshon-Maxsus-Texnika" хоҳад дод. Истеҳсолотро ширкати "Krantas Group" ва корхонаи Тӯйтепаи Узбекистон ба роҳ монданианд.

Қарор аст, корхона дар марҳалаи аввал, аз соли 2021 солона 100 адад мошинҳои сабукрави зиреҳпӯши навъи Tarlon ва Shield истеҳсол кунад. Дар марҳалаи дувум, ки аз соли 2022 оғоз мешавад, теъдоди истеҳсоли солонаи техникаҳо афзоиш дода хоҳад шуд.

Ширкати "Nurafshon-Maxsus-Texnika" 21 феврали соли 2019 дар Нурафшон ба қайд гирифта шудааст. Ин ширкат асосан масолеҳи сохтмонии оҳанӣ истеҳсол мекард. Муассисони он ширкати "Krantas Group" (72%) ва "To’ytepa Metall Qurilmalari" (28%) мебошанд.

XS
SM
MD
LG