Ссылки доступа

Алексей Навалний гуфт, ба Русия бармегардад


Алексей Навальный

Сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний эълом кард, ки 17 январ ба Русия бармегардад. Ӯ гуфт, чиптаи парвоз ба шаҳри Москваро аллакай харидааст.

"Дар масъалаи "баргаштан ё барнагаштан" ҳечгоҳ дудила набудам. Танҳо нарафтам. Маро дар натиҷаи як сӯиқасд дар қуттии эҳёгарӣ ба Олмон оварда буданд. Русия ватан ва Москва шаҳри ман аст. Ман онҳоро пазмон шудаам", - навиштааст Навалний дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Алексей Навалнийи 44-сола, яке аз сарсахттарин мухолифони ҳукумати Русия дар охирҳои моҳи августи имсол, ҳини парвоз аз яке аз шаҳрҳои Сибир ба тарафи Маскав, бар асари заҳролудшавӣ бемор шуд ва дар бемористоне дар шаҳри Омск бистарӣ шуд.

Зери фишори хонаводаи Навалний ду рӯз баъд ӯ ба бемористоне дар шаҳри Берлин мунтақил шуд ва зери муроқибат қарор гирифт. Натиҷаҳои чанд ташхис дар марказҳои илмии Олмон, Фаронса ва Швейдсия нишон дод, ки ӯ бо як модаи заҳрогини замони Шӯравӣ бо номи "Новичок" заҳролуд шудааст.

Бо вуҷуди он, ки Русия заҳролуд кардани Навалнийро радд кардааст, дар рӯзҳои ахир таҳқиқоти муштараки чандин расонаҳои хабарӣ ва ҳамчунин вебсайтҳои тахассусии бритониёӣ нишон дод, ки Хадамоти федералии амнияти Русия дар заҳролуд кардани Навалний дахолати мустақим доштааст.

Алексей Навалний дар мавриди фасоди идорӣ ва молии мақомоти Русия чандин таҳқиқот анҷом додааст. Аз ҷумла, ӯ ошкор кард, ки ширкатҳои наздик ба президент Владимир Путин тиҷоратҳои бузургро дар даст доранд.

XS
SM
MD
LG