Ссылки доступа

Чаҳор шаҳрванди Узбекистонро дар Қирғизистон ба дуздӣ айбдор мекунанд


Чаҳор шаҳрванди Узбекистон бо гумони дуздӣ аз як фурӯшгоҳи телефонҳои мобилӣ дар шаҳри Ӯши Қирғизистон дастгир шуданд.

Ба иттилои Раёсати пулиси Ӯш, 8 январ аз фурӯшгоҳи мазкур ба маблағи 500 ҳазор соми қирғизӣ ё наздики 6 ҳазор доллари амрикоӣ телефони мобилӣ дуздида шудааст.

"Ҳангоми бозҷӯӣ аз шаҳрвандони Узбекистон телефонҳои дуздидашуда, корд ва туфангча пайдо карда шудааст", - гуфт сухангӯи пулиси Ӯш Абсаттар Тавакалов.

Зидди боздоштшудаҳо бо банди "Дуздӣ" парванда боз шудааст. Мақомоти узбек то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG