Ссылки доступа

Дар Узбекистон се кудаки як хонавода аз дуди ангишт фавтидааст


Дар ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанди Узбекистон панҷ узви як хонавода заҳролуд шуда, дар натиҷа се кудаки ноболиғ ҷон бохтааст.

"Кудакони ноболиғ - писарчаи 8-сола, духтарчаи 4-сола ва тифли навзод дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтаанд. Ташхиси судӣ-тиббӣ нишон дод, ки кудакон бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон додаанд", - омадааст дар иттилоияи Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Самарқанд.

Вазъи волидон вазнин буда, дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Додситонии Каттақӯрғон таҳқиқи ҳодисаро оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG