Ссылки доступа

Камбуди нерӯи барқ ва сармо боиси авҷи дарахтбурӣ дар баъзе деҳаҳои Тоҷикистон шудааст (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Наздикон талаб доранд, ки пирамарди 80-сола Дона Набиев аз зиндон раҳо гардад. Пайвандони Дона Набиев пирамарди 80-солаи маҳкумшуда ба зиндон ба Додгоҳи олӣ барои “шартан татбиқ накардани ҷазо” ариза доданд. Наздикон мегӯянд, Дона Набиев бемории сил дошт ва вазъаш дар боздоштгоҳи муваққатӣ бад шудааст. (видео)

- Мухолифат ба насби маҷвпарокани ширкати мобилӣ дар як деҳаи вилояти Суғд. Чанд соли пеш бинобар шикояти мардуми деҳаи Рӯмон насби мавҷпарокани ширкати мобилӣ дар маҳалли зист мутавақиф шуда буд. Вале баъди дарёфти иҷозатнома мавҷпарокан дар деҳа гузошта шуд ва норозигии сокинонро ба миён овард. Фарзон Муҳаммадӣ дар ин бора гузориш дорад. (видео)

- Камбуди нерӯи барқ ва сармо боиси авҷи дарахтбурӣ дар баъзе деҳаҳои Тоҷикистон шудааст. Ҳоло барои гарм кардани хона мардуми деҳот аксаран аз ҳезум истифода мекунанд ва зоҳиран, захираҳо ба поён расида, сабаби табар задан ба дарахтон мешавад. Мақомоти вилояти Хатлон аллакай чандин нафарро барои дарахтбурӣ ҷарима бастаанд. (видео)

- Чаро дастрасӣ ба Instagram ва Facebook маҳдуд шуд? Корбарони тоҷик: Дастрасӣ ба Instagram ва Facebook маҳдуд аст. Хадамоти алоқа: "Система фаъол аст, коре накардем" (видео)

- Овозхон Қурбоналӣ Абдуллоев дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд. (видео)

- Ӯктами Холиқназарро дар Душанбе дафн карданд. "Пуштибони покии забон рафт". Ӯктами Холиқназарро дар Душанбе дафн карданд (видео)

- Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сармои фавқулода мактабро аз гармӣ маҳрум кард (видео)

- Баъди гузориши Радиои Озодӣ нерӯи барқ ба деҳаи дурдаст расид. (видео)

- Сокинони биноҳои сарди Душанбе гармӣ мехоҳанд. Сокинони биноҳои сарди Душанбе гармӣ мехоҳанд. Дар маҳаллаи "Бинокорон"-и шаҳри Душанбе шаш бино ба маркази гармидиҳӣ пайваст набудаанд. (видео)

- Панҷ чизи донистанӣ дар бораи саҳмияҳои "Роғун". Аз оғози фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки мақомот онро ҳаёту мамоти Тоҷикистон меноманд, даҳ сол гузашт. Сокинон мепурсанд, баҳраи саҳмияҳои харидаашонро кай хоҳанд гирифт? Мақомот тавсия медиҳанд, ки мардум то поён ёфтани сохтмони нерӯгоҳ сабр кунанд. (видео)

- Кай масҷидҳои Тоҷикистон боз мешаванд. Дар ҳоле ки мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон тайи як ҳафта бори саввум аст, аз сабт нашудани гирифтории сокинон ба бемории COVID -19 хабар медиҳанд, бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи боз нашудани дари масҷидҳо савол мегузоранд. (видео)

- "Назарбоев, бирав". Эътирозҳо ва боздоштҳо дар Алмато. Дар ҳоле ки дар Қазоқистон интихоботи порлумонӣ бе ҳузури мухолифон ҷараён дорад, даҳҳо нафар аз фаъолон дар шаҳри Алмато ба таҳрими интихобот даъват карда, ба зидди Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешин шиор доданд. (видео)

- Тоҷикистон қарзи хориҷиашро чӣ гуна бармегардонад? Як дархости Тоҷикистон аз кишварҳои сармоягузор баҳсҳоро дар бораи қарзи хориҷӣ ва имкони бозгардондани он доғ кард. Шарҳнависон пурсидаанд, Тоҷикистон чаро қарзи зиёди хориҷӣ мегирад ва оё имкони бозпас додани онро дорад ва чӣ гуна. (видео)

- Иштироки ками раъйдиҳандагон ва варақаҳои интихоботӣ дар рӯи мизҳо. Чи гуна қирғизистониҳо дар интихоботи президентӣ раъй доданд. (видеои Настоящее время)

- Қонуншиканиҳо ва эътирозҳо. Чи гуна интихоботи порлумонӣ дар Қазоқистон баргузор шуд. (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG