Ссылки доступа

Эрон сӯзишворие истеҳсол мекунад, ки дар силоҳи ҳастаӣ истифода мешавад


Эрон корҳои илмӣ-пажуҳишии коркарди навъи нави сӯзишворӣ барои реактори таҳқиқотиро шуруъ кардааст. Дар ин бора сафири Эрон Козим Ғарибободӣ дар саҳифаи Твиттер хабар додааст.

Ҷараёни корҳои мазкур аз се марҳила иборат аст, ки дар марҳилаи аввал "урани филизӣ бо истифода аз урани табиӣ таҳия мешавад", гуфтааст сафир. Ба гуфтаи вай, Теҳрон Оҷонси байналхалқии неруи атомиро дар бораи ин иқдомаш огаҳ кардааст.

Урани филизиро метавон, дар сохтани силоҳи ҳастаӣ истифода кард, хабар доданд дар Оҷонси неруи атомӣ.

Ин дар ҳолест, ки пештар аз ин Бритониё, Фаронса ва Олмон аз Эрон хостанд, аз азмаш барои аз сар гирифтани ғанисозии ураниуми ғализи 20 дарсадӣ баргардад ва гуфтанд, ки ҳаракати мазкур “як таҳаввули манфии ҷиддӣ” ва нақзи созиши атомии соли 2015 аст.

Ҳарсе кишвари узви созиши атомӣ дар як баёнияи расмӣ дар рӯзи 6-уми январ гуфтанд: “Ин амал, ки ваҷҳи возеҳ надорад ва бар хилофи аҳдҳои Эрон аст, созишро ҳарчӣ бештар мешиканад.”

Ҳукумати Эрон рӯзи 4-уми январ гуфт, дар реактори атомии Фордо ба ғанисозии ураниуми 20 дар садӣ оғоз кардааст. Чунин амалкарди Теҳрон талошҳо барои ҳифзи созиши атомӣ бо Эронро мушкил мекунад, бо вуҷуди онки пирӯзии Ҷо Байден умед барои бозгашти Амрико ба созишро бештар кардааст.

Доналд Трамп соли 2018 Амрикоро аз созиши атомии Эрон бо панҷ қудрати ҷаҳонӣ берун кард ва таҳримот ба зидди Теҳронро баргардонд. Бар асоси ин созиш, Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд сохт ва таҳримоти сахти иқтисодӣ ба зидди онро сабуктар карданд.

XS
SM
MD
LG