"Вазорати тандурстӣ талош мекунад, ки ҳамаи воксинҳо дастрас бошанд. Аммо бо назардошти воқеиятҳо, ҳоло мо ба воксини истеҳсоли дохилӣ ва "Спутник V" дастрасӣ дорем. Воксини истеҳсоли қазоқистонии KazCOVID-in барои нуҳ моҳ муваққатан сабт шудааст", - гуфт Асилбеков.
Вай илова кард, ки омодагӣ ба воксинзанӣ идома дорад.
"Дар бораи харидории воксинҳои Pfizer ва Moderna гуфтугӯ дорем", - гуфт Асилбеков.
Ба гуфтаи вай, эҳтимол дорад, воксини русии "Спутник V" охири моҳи феврал ба Қазоқистон оварда шавад.
Мақомоти Қазоқистон пештар гуфта буданд, ки воксини қазоқистонии KazCOVID-in дар озмоишҳо коромадии худро дар бонишондоди 96 дарсад собит кардааст.