Ссылки доступа

Дар Намангони Узбекистон ронандаҳои норозӣ аз камбуди газ гирдиҳамоӣ карданд (видео)


Рӯзи 13 январ наздики 50 ронанда дар майдони "Чорсу"-и шаҳри Намангон ҷамъ омада, аз камбуди газ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ изҳори норизоӣ карданд.

Дар наворе, ки дастраси расонаҳо шуд, садои марде шунида мешавад, ки мегӯяд, "мушкилот зиёд аст, аммо навбатпоиҳои тӯлонӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ронандаҳоро ба гирдиҳамоӣ маҷбур кард".

"Ба мо гуфтанд, ки аз соати 5 субҳ то 3 нисфирӯз ҳамарӯза газ фурӯхта мешавад. Аммо то соати 11-и рӯз дигар газ боқӣ намемонад. Ҳамарӯза то 5 соат дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ навбатпоӣ мекунем", - гуфт як ронанда аз Намангон, ки нахост номаш зикр шавад.

Шаби 10 январ дар навбатпоии нуқтаи фурӯши сӯзишворие дар Намангон ронандаи 68-солае фавтид.

Як масъули ширкати "Ҳудудгаз Намангон" камбуди газро эътироф кард. Вай гуфт, камбуди газ аз ширкатҳои маҳаллӣ вобаста нест.

XS
SM
MD
LG