Ссылки доступа

2020: Иқтисоди Қирғизистон бори нахуст дар 26 сол 8,6% поин рафтааст


Кумитаи омори Қирғизистон натиҷаи пешакии рушди иқтисоди ин кишвар дар соли 2020-ро эълом кард. Ҳаҷми Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД)-и ин кишвар 598 миллиард сомро ташкил додааст, ки назар ба соли 2019 8,6% камтар аст.

Тақрибан ҳамаи бахшҳо осеб дидаанд. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 6,6%, сохтмон 15,9%, тиҷорати яклухту чакана 16,1% коҳиш ёфта, бахши кишоварзӣ 1,1 дарсад рушд кардааст.

Ин бори аввал аст, ки ҳаҷми ММД-и Қирғизистон баъди соли 1994 беш аз 8 дарсад поин меравад.

Бидуни назардошти нишондодҳои кони Қумтор ММД-и ин кишвар бештар - 9 дарсад поин рафтааст.

Сатҳи таваррум дар Қирғизистон соли гузашта 9,7 дарсадро ташкил дода, асосан маҳсулоти ғизоӣ ва нушокиҳои ғайриспиртӣ гарон шудаанд.

Ҳаҷми савдои берунӣ дар 11 моҳи соли 2020 ба 5,1 млрд доллар расидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 19,2 дарсад кам аст. Ҳаҷми воридот 27,3 дарсад кам ва содирот ба хотири болоравии арзиши тило дар бозори ҷаҳонӣ 1,7 дарсад зиёд шудааст.

XS
SM
MD
LG