Ссылки доступа

Набуди газу барқ рӯҳияи эътирозиро дар Узбекистон бештар кардааст


Сокинони ноҳияи Олтиариқи вилояти Фарғонаи Узбекистон дар эътироз ба набудани газ дар рӯзҳои сарди зимистон хиёбони марказии ноҳияро бастанд.

Видеое, ки шоми 13 январ дар Интернет нашр шуд, нишон медиҳад, як гуруҳи сокинон, асосан занҳо қисме аз роҳи мошингардро мебанданд. Онҳо шикоят доранд, ки дар фасли сармо газ надоранд.

"Бигузор сардори корхонаи газ биояд. Сабри мо лабрез шуд", - мегӯяд яке аз занҳои ҷамъшуда дар кучаи марказии Олтиариқ.

Ба гуфтаи блогер аз Фарғона Зафарбек Солиҷонов, сокинони Олтиариқ барои ҳалли мушкили худ пештар ба ҳукумати ноҳия ва раҳбарияти корхонаи газ муроҷиат карда буданд, вале бенатиҷа будааст.

"Дар Олтиариқ мардум дар эътироз ба набудани газ ва қатъи мунтазами нерӯи барқ ба куча баромаданд. Онҳо дар назди фурӯшгоҳи "Шердил", дар маркази ноҳия ҷамъ шуданд. Сокинон ба ҳамаи ниҳодҳо муроҷиат кардаанд, вале натиҷае надодааст", - навиштааст блогер дар Телеграм.

Ба назди эътирозгарон раиси ноҳияи Олтиариқ ва сардори корхонаи гази ноҳия омадаанд. Таҷаммуъгарон баъди ваъдаи раҳбарияти ноҳия, ки мушкилро ҳал хоҳад кард, пароканда шудаанд.

Ин бори шашум аст, ки сокинони минтақаҳои гуногуни Узбекистон дар давоми як моҳи ахир дар эътироз ба набудани газу қатъи нерӯи барқ роҳҳои мошингардро мебанданд. Ду рӯз пеш сокинони Ҷизах низ бо талаби газу барқ роҳро баста буданд. Ин эътироз дар арафаи сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Ҷизах буд.

XS
SM
MD
LG