Ссылки доступа

Ҳуқуқдоне, ки аз "говсуд шудан"-и дигарон мегуфт, 8.5 сол зиндонӣ шудааст


Саиднуриддин Шамсиддинов

Саиднуриддин Шамсиддинов, вакили мудофеъ ва судиҷрочии собиқро, ки ҳамвора дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори баъзе додситону додрасҳо шикоят мекард, дар ноҳияи Вахш ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум кардаанд.

Додгоҳ ӯро бар асоси ҳафт моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла харидуфурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти дурӯғ гунаҳкор донист. Наздиконаш бовар доранд, ӯро барои танқидҳояш аз беадолатӣ ва рафтори баъзе аз додситону додрасҳои минтақа ба зиндон андохтаанд.

Қамариддин Шамсиддинов, бародари Саиднуриддин Шамсиддинов, рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо имзои Саиди Садр аризаву мақола менавишт ва "зоҳиран ба мақомот хуш наомадааст".

Ин навиштаҳо ҳанӯз дар саҳифааш маҳфузанд ва аз ҷумла дар яке аз онҳо ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта шудааст, "баъзе судяҳои Хатлон ... ба хатокорӣ роҳ дода, тақдири инсонҳоро бо роҳи хато ҳал карда, чандин камбағалро беасос "говсуд" карда гаштаанд."

Вакили мудофеъ Файзи Олӣ мегӯяд, "ҳамчун ҳуқуқшинос шоҳидӣ додам, ки одамон ҳақ доранд, ба номи президент, Додситонии кул ва Додгоҳи олӣ нома нависанд, шикоят кунанд, вале бо ин вуҷуд ӯро маҳкум карданд."

Барои гирифтани ҷузъиёт рӯзи 6-уми январ ба додрас Аҳлиддин Назарзода тамос гирифтем. Ӯ баъд аз шунидани суоли мо дар мавриди қазияи Саиднуриддин Шамсиддинов гӯширо гузошт ва ба зангҳои дигари мо посух надод.

Аммо хонавода ва вакили мудофеи Саиднуриддин Шамсиддинов мегӯянд, бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинии он ба зинаҳои болоӣ шикоят кардаанд. Салтанат Шералиева, модари Саиднуриддин Шамсиддинов, гуфт, ӯ баробари шунидани ҳукми писараш дар толори додгоҳ аз ҳуш рафт ва танҳо дар бемористон ба худ омад.

Яке аз шоҳидони он лаҳза гуфт, "дар муқоиса ба муҳокимаҳои дигар беш аз даҳ маъмури милиса бинои додгоҳро печонда буданд. Вақте модараш аз ҳуш рафт, дар аввал иҷоза надоданд, ки ӯро ба берун баранд. Танҳо баъд аз доду фиғон иҷоза доданд."

Мурофиаи охирини Саиднуриддин Шамсиддинов рӯзи 25-уми декабри соли гузашта баргузор шудааст. Худи ӯ дар сухани охиринаш гуфтааст, гуноҳ надорад ва айбномаро рад мекунад. Аммо Нусратулло Мирзоев вакили мудофеи Саиднуриддин Шамсиддинов гуфт, додрас эътирофи шахси зери ҳимояташро ҳангоми тафтишот ҳамчун далел пеш овардааст.

Ӯ гуфт, воқеан Шамсиддинов дар зери ҳар айбнома имзо гузоштааст, вале иддао кард, ки "ин худиқрорӣ маҷбурӣ ва парванда фармоишӣ аст". Баръакси ин, дар навори садоие, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, Абдумаҷид Саидзода, додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас талаб кардааст, "озодии Шамсиддинов барои шаҳрвандон хатар дорад ва ба ҳабс кашида шавад."

Саиднуриддин Шамсиддинов, ки дар гузашта ҳамчун судиҷрочӣ ва солҳои охир ҳамчун вакили мудофеъ фаъолият дошт, ду сол пеш дар бораи қазияаш ба Радиои Озодӣ муроҷиат карда буд. Вай дар номааш навишта буд, ки Додситонии ноҳияи Вахш ӯро ба фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин муттаҳам медонад, дар ҳоле ки чунин коре накардааст. Аммо додситону додраси парванда ба ҳақ будани худу тафтишот таъкид карда, гуноҳҳои ӯро собитшуда хондаанд.

"Дар мавриди харидуфурӯши ғайриқонунии замин ҳамаи ҳуҷҷатҳоро баррасӣ кардем. Заминро падараш фурӯхтааст, ки ҳоло дар ҳаёт нест. Имзои падараш дар ҳуҷҷатҳо ҳаст. Дар хусуси паҳн кардани маълумоти бардурӯғ нисбат ба прокурор. Ягон маълумоти ғайриқонунӣ нашр накардааст. Бо такя ба ҳамин далелҳо ариза пешниҳод кардем", -- мегӯяд вакили мудофеъ Файзи Олӣ.

Ҳоло нигоҳҳо ба зинаҳои болоии додгоҳ дӯхта шудааст, ки дар бораи қазияи Саиднуриддин Шамсиддинов чӣ тасмим хоҳад гирифт. Ҳукмро дар шакли ҳозирааш хоҳад гузошт ва ё онро кам ё бекор хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG