Ссылки доступа

Марги Борис Грачевский, созандаи маҷаллаи телевизионии "Ералаш" аз коронавирус


Борис Грачевский, созанда ва роҳбари бадеии маҷаллаи ҳаҷвии кӯдаконаи "Ералаш" дар 72-солагӣ дар Москва фавтид. Табибон гуфтанд, вай 21 декабр ба вабои коронавирус мубтало шуда буд.

Рӯзи 7 январ Грачевскийро ба дастгоҳи нафаси сунъӣ пайваст карданд.

Борис Грачевский 18 марти соли 1949 таваллуд шуда буд.

Соли 1974 вай ҳамроҳи драманавис Александр Хмелок маҷаллаи "Ералаш"-ро таъсис дод ва то охири умр фаъолияти онро пеш мебурд. Грачевский барои маҷалла сенария менавишт ва дар чанд саҳнаи он ба ҳайси бозигар иштирок кардааст.

Грачевский соли 1995 студияи синамоии "Ералаш-Лэнд"-ро таъсис дод ва солҳои 2009-2015 ду филми бадеӣ ба навор гирифт.

XS
SM
MD
LG