Ссылки доступа

Дар ҷануби Узбекистон сокинон зидди дарахтбурӣ эътироз карданд


Наздики 200 сокини маҳаллаи "Буюк Турон"-и шаҳри Қаршии вилояти Қашқадарёи Узбекистон субҳи 13 январ бо истифода аз дарахтҳои буридашуда роҳи мошингардро бастанд.

Ба ин тартиб онҳо норизоии худро аз тасмими шаҳрдорӣ барои буридани дарахтони мевадиҳанда ва сояафкани 12 га замин ва сохтани корхонаҳо дар ин минтақа иброз доштанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, шаҳрдорӣ бо ҳудуди 20 тан аз кормандони мақомоти қудратӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд ва роҳро тоза карда, 3 занро аз шумори эътирозгарон ба идораи пулис бурд.

Кормандони пулис бо сокинони маҳаллӣ дағалӣ кардаанд.

Дар 12 га замин, ки 30 соли пеш ба ихтиёри сокинони маҳаллӣ дода шуда буд, бештар аз 100 ҳазор дарахт шинонда шудааст. Аз ҳисоби ин дарахтон сокинони маҳаллӣ харҷи рӯзгорашонро таъмин мекарданд.

Рӯзи 27 декабр низ ҳудуди 250 сокини маҳаллаи "Буюк Турон" талош карда буданд, ки аз буридани дарахтон пешгирӣ кунанд.

Аммо мақомот рӯзи 12 январ дубора ба буридани дарахтон пардохтанд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, мақомот барои буридани дарахтон ҳеч ҳуҷҷате нишон намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG