Ссылки доступа

Сарвазири нави Қирғизистон баъди савгандёдкунии президент маълум мешавад


Эътилофи аксарияти порлумони Қирғизистон то ҳол номзадии ҳеч касро ба мақоми сарвазирии он кишвар пешниҳод накардааст.

Раиси эътилоф Исо Омурқулов гуфт, номзад ба мақоми сарвазирӣ баъди савгандёдкунии президенти тозаинтихоб пешниҳод мешавад.

"Президент интихоб шуд. Баъди маросими савгандёдкунии ӯ бояд номзадӣ ба мақоми сарвазирӣ расман пешниҳод шавад. Бар асоси Конститусия, номзадро эътилофи аксарияти порлумонӣ пешниҳод мекунад. Дар ҳоли ҳозир ба мо мутахассиси таҷрибадор ва иқтисодшинос лозим аст", - изҳор дошт Омурқулов.

Вакили порлумони Қирғизистон Омурбек Текебоев гуфт, Конститутсия иҷозат намедиҳад, ки президенти он кишвар мансаби давлатии дигареро дар ихтиёр дошта бошад. Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, президенти тозаинтихоб Содир Ҷабборов бояд пеш аз савгандёдкунӣ расман аз мақоми сарвазирӣ истеъфо диҳад ва дар давоми 15 рӯз эътилофи аксарият сарвазири навро интихоб кунад.

Содир Ҷабборов, ки баъди ҳаводиси моҳи октябр сари қудрат омада буд, моҳи ноябр ба хотири иштирок дар интихоботи президентии 10 январи соли 2021 аз мақоми иҷрокунандаи муваққати вазифаҳои президент даст кашида, ваколатҳои сарвазирро ҳам қатъ кард. Дар ҳукумати Қирғизистон гуфтанд, ки Ҷабборов баъди савгандёдкунӣ мақоми сарвазириро расман хоҳад супурд.

XS
SM
MD
LG