Ссылки доступа

Байден аз барномаи азими кӯмакҳо дар шароити пандемияи COVID-19 хабар дод


Избранный президент США Джо Байден
Избранный президент США Джо Байден

Президенти мунтахаби Амрико Ҷо Байден аз як барномаи азими кӯмакҳо хабар дод, ки ба гуфтааш, дар вокуниш ба бӯҳрони пандемияи коронавирус қабул мешавад.

Байден, ки 20-уми январ савганд ёд мекунад, вазъи кунунӣ бо пандемияро «бӯҳрони талафоти ҷонӣ» номид ва гуфт, ки набояд вақтро аз даст дод.

Барномаи 14-уми январ муаррифишуда сармоягузории маблағҳо ба барномаи эмкуниро пешбинӣ мекунад. Буҷаи ин барнома 415 миллиард долларо барои воксинаҳо, 1 триллион долларо барои кӯмак ба хонаводаҳо ва 440 миллиард долларро барои кӯмак та соҳибкорон ва ҷамъиятҳои мухталифи осебдида аз коронавирус дар назар мегирад. Маълум нест, ки то куҷо ин барномаро Конгресс пуштибонӣ мекунад.

Бисёр ҷумҳурихоҳҳо аз ин барномаро гарон меноманд ва мегӯянд, ки ба ҷои мустақим додани пул, маблағҳо бояд ба таври қарз дода шаванд. Вале демократҳо, ки ахиран дар ҳарду палатаи Конгресс аксариятро ташкил доданд, барои қабули ин барнома талош мекунанд. Байден ҳам гуфт, ки медонад, барномаи ӯ гарон аст, вале он метавонад аз хисороти дарозмуддат ба иқтисоди кишвар пешгирӣ кунад.

XS
SM
MD
LG