Ссылки доступа

Се марзбони туркман дар як фалокат ҷон доданд


Вертолёт AW-109 вооружённых сил Туркменистана (иллюстративное фото)

Дар натиҷаи суқути чархболи Туркманистон дар наздикии марз бо Эрон се марзбони туркман кушта шудаанд.

Бино ба гузориши бахши туркмании Радиои Озодӣ, ки бо шоҳидони айнӣ суҳбат кардааст, чархбол рӯзи 14-уми январ ба хати баландшиддати барқ бархӯрдааст.

Ҳодиса дар деҳаи Ёшлик 60-километрии шаҳри Ашхобод сурат гирифтааст. Як марзбони туркман, ки бо шарти ифшо накардани номаш бо Радиои Озодӣ суҳбат кард, гуфт, ки дар ин фалокат ҳар се сарнишини он ҷон додаанд.

Шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки зоҳиран ҳавои тира ва ғубори сахт сабаби бархӯрди чархбол ба хати барқ шудааст. Мақомоти расмии Туркманистон мисли ҳамеша ингуна ҳодисаҳоро шарҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG