Ссылки доступа

Роҳбарони хориҷӣ аз Кремл хостанд, Навалнийро озод кунад


Ҳомиёни ҳуқуқ ва роҳбарони кишварҳои хориҷӣ аз мақомоти Русия хостанд, ки сиёсатмадор Алексей Навалнийро озод кунанд. Сиёсатмадори мухоилфи ҳукумати Русия шоми якшанбе, баъди моҳҳо муолиҷа дар Олмон ба Русия омад ва дар фурудгоҳ боздошт шуд.

Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо мегӯяд, Навалний, ки баъди заҳролудшавӣ дар Олмон муолиҷа мешуд, тартиби муҳлати санҷиширо вайрон кардааст. Ин хадамот аз додгоҳ хост, муҳлати шартиро ба ҳабс - 3,5 соли зиндон табдил диҳад.

Хадамоти иҷрои ҷазои Русия гуфт, Навалний то баргузор шудани додгоҳ дар ҳабс мемонад ва додгоҳ тақдири минбаъдаи ӯро рушан мекунад. Қарор аст, додгоҳ рӯзи 29 декабр ин масъаларо ба баррасӣ гирад.

Навалний гуфт, эҳтимол дорад, ки боздошт шавад, аммо аз тасмимаш барои баргаштан ба Русия худдорӣ накард. Дар як суҳбати кутоҳ дар фурудгоҳи Москва вай гуфт, наметарсад.

Ҳомиёни ҳуқуқ таъқиби Навалнийро сиёсӣ унвон карданд. Amnesty International бар ин бовар аст, ки Навалний маҳбуси сиёсист ва боздошти вай - талоши хомӯшсозист. Amnesty International ба озодии Навалний даъват кард.

Раиси Шӯрои аврупоӣ Шарл Мишел боздошти Навалнийро "ғайри қобили қабул" унвон кард ва ҳам хост, ӯро озод кунанд. Ду тан аз роҳбарони дигари Иттиҳоди Аврупо - Жозеп Боррел ва Доналд Туск низ озодии Навалнийро хостанд.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои соҳили Балтик боздошти Навалнийро маҳкум карданд. Дар изҳороти муштараки онҳо омадааст, ки дар сурати озод нашудани Навалний Иттиҳоди Аврупо зидди Русия бояд таҳримҳои нав ҷорӣ кунад.

Сиёсатмадорони дигари Аврупо низ озодии Навалнийро талаб карданд.

Ҷейк Салливан, мушовири президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден дар умури амнияти миллӣ боздошти Навалнийро маҳкум кард. Вай боздошти Навалнийро барои шаҳрвандони Русия таҳқир номид. Салливан ҳамчунин даъват кард, ки заҳролудсозии Навалний таҳқиқ шавад.

Роҳбари мухолифони Белорус Светлана Тихановская низ аз мухолифи рус ҳимоят кард.

Навалний аз 22 августи соли 2020 ба ин тараф, баъди заҳролудшавӣ дар Олмон муолиҷа мешуд. Вай дар ин заҳролудсозӣ мақомоти махсус ва ҳукумати Русияро муттаҳам мекунад.

Дар соли 2014 Навалнийро бо айби қаллобӣ шартан аз озодӣ маҳрум карда буданд. Навалний он ҳукмро сиёсӣ унвон карда буд.

XS
SM
MD
LG