Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон замимаи "Раҳнамои муҳоҷир" фаъол шуд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Боздошти Алексей Навалний дар фурудгоҳи Маскав. Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолифи Кремлинро, ки баъд аз моҳҳо муолиҷа шоми 17-уми январ аз Олмон ба Маскав баргашт, дар фурудгоҳи Шереметево дастгир карданд. Ба вакили мудофеаш иҷозат надоданд, ки ӯро ҳамроҳӣ кунад. (видео)

- Дар Тоҷикистон замимаи "Раҳнамои муҳоҷир" фаъол шуд. Бори нахуст барои муҳоҷирони кории тоҷик замимаи мобилии “Роҳнамои муҳоҷир” таҳия шудааст.Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бовар дорад, ки тавассути ин замима муҳоҷироне ки асосан дар Русия ҳастанд, метавонанд аксари мушкилоти худро ҳал кунанд. Гузориши Барот Юсуфӣ. (видео)

- Тоҷикистон раҳбари даврии Созмони ҳамкориҳои Шангҳай шуд. Тоҷикистон раҳбари даврии Созмони ҳамкориҳои Шангҳай шуд. Гузориши Барот Юсуфӣ ва Искандар Фирӯз. (видео)

- Акмалиддин Каримов: “Орзуи ман қаҳрамони ҷаҳон шудан аст”. Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сербистон медали нуқра ба даст овард, ки ин натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар риштаҳои ғайриолимпӣ дар соли 2020 мебошад. (видео)

- Маҳс бо мор одамро ором мекунад. Маҳс ё массаж бо мор. Албатта тасаввураш мушкил аст, вале ин намуди хидматрасонӣ дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон торафт маъруфтар мешавад. Аз ҷумла дар Миср соҳиби яке аз толорҳо тавассути 20 навъи мор муштариёнро маҳс мекунанд. (видео)

- Ҳамдеҳагони раиси ҷумҳури нави Қирғизистон дар борааш чӣ мегӯянд? Содир Ҷабборови 52-сола, вакил ва зиндонии собиқ, дар интихоботи президентии рӯзи 10-уми январ дар Қирғизистон бо беш аз 79 дарсади раъйи мардум пирӯз шуд. Хабарнигорони "Настоящее Время" ба зодгоҳи Ҷабборов рафтанд ва аз ҳамдеҳагонаш дар бораи ӯ пурсиданд

- Баъди гузориши Радиои Озодӣ нерӯи барқ ба деҳаи дурдаст расид. (видео)

- Сокинони биноҳои сарди Душанбе гармӣ мехоҳанд. Сокинони биноҳои сарди Душанбе гармӣ мехоҳанд. Дар маҳаллаи "Бинокорон"-и шаҳри Душанбе шаш бино ба маркази гармидиҳӣ пайваст набудаанд. (видео)

- Панҷ чизи донистанӣ дар бораи саҳмияҳои "Роғун". Аз оғози фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки мақомот онро ҳаёту мамоти Тоҷикистон меноманд, даҳ сол гузашт. Сокинон мепурсанд, баҳраи саҳмияҳои харидаашонро кай хоҳанд гирифт? Мақомот тавсия медиҳанд, ки мардум то поён ёфтани сохтмони нерӯгоҳ сабр кунанд. (видео)

- Тоҷикистон қарзи хориҷиашро чӣ гуна бармегардонад? Як дархости Тоҷикистон аз кишварҳои сармоягузор баҳсҳоро дар бораи қарзи хориҷӣ ва имкони бозгардондани он доғ кард. Шарҳнависон пурсидаанд, Тоҷикистон чаро қарзи зиёди хориҷӣ мегирад ва оё имкони бозпас додани онро дорад ва чӣ гуна. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG