Ссылки доступа

Вакили мудофеъ: Алексей Навалний дар шуъбаи пулис аст


Мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний, ки шоми якшанбе баъди бозгашт аз Олмон дар фурудгоҳи Шереметевои Москва боздошт шуд, дар шуъбаи пулиси шаҳри Химкии вилояти Москва қарор дорад.

Дар ин бора вакили мудофеи вай Олга Михайлова хабар дод.

Кормандони пулис ба вакили мудофеъ иҷозаи дидор бо Навалнийро надодаанд.

Ахиран Навалний дар гумруки фурудгоҳи Шереметево боздошт шуд. Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия гуфт, Навалний то қарор додгоҳ дар боздошт боқӣ мемонад.

Навалний пас аз заҳролудшавӣ дар моҳи август, барои муолиҷа ба Олмон интиқол дода шуд. Ӯ мегӯяд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дастури ин корро дода буд. Аммо Кремл ин иттиҳомро рад кардааст.

Хадамоти Федеролии Зиндонҳои Русия рӯзҳои ахир эълон карда буд, ки дар сурати бозгашти Алексей Навалний, аз ниҳодҳои додгоҳии кишвар дархост хоҳад кард, ки ҳукми боздошти ӯро содир кунанд. Аммо ин таҳдид монеи бозгашти Навалний ба кишвараш нашуд.

Боздошти Алексей Навалний вокунишҳои ҳукуматҳои аврупоӣ ва ниҳодҳои мудофеи ҳуқуқи башарро дар пай дошт.

Шарл Мишел, раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо боздошти ин чеҳраи мухолифро "ғайри қобили қабул" хонд ва хостории озодии фаврии ӯ шуд. Оқои Мишел дар "Твиттер" навишт, "боздошти Алексей Навалний ҳангоми вуруд ба Маскав, ғайри қобили қабул аст. Ман аз мақомоти Русия мехоҳам, ки ӯро бе таъхир озод кунанд".

Латвия, Литва ва Эстония -- се кишвари минтақаи Балтика бо нашри баёнияи муштараке аз ин амалкарди Маскав интиқод карданд. Мақомоти кишварҳои Фаронса, Италия, Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон низ боздошти Алексей Навалнийро маҳкум намуданд.

Пештар аз ин Хадамоти Федеролии Зиндонҳои Русия гуфта буд, пешвои мухолифонро боздошт мекунанд, чун ӯ қоидаҳои адои зиндони шартӣ ва берун нарафтан аз Русияро риоят накардааст. Алексей Навалнийро соли 2014 бо иттиҳоми тақаллуби молӣ ба зиндони шартӣ маҳкум карда буданд.

Бар асоси қонун, мумкин аст, Алексей Навалнийро то ба 3.5 соли зиндон маҳкум кунанд.

Алексей Навалний дар мавриди фасоди идорӣ ва молии мақомоти Русия чандин таҳқиқот анҷом додааст. Аз ҷумла, ӯ ошкор кардааст, ки ширкатҳои наздик ба президенти Русия Владимир Путин тиҷоратҳои бузургро дар даст доранд.

XS
SM
MD
LG