Ссылки доступа

Талаби 10 соли зиндон барои ноиб-вазири пешини энержии Қазоқистон


Анатолий Шкаруп, ноиб-вазири пешини энержии Қазоқистон дар ғорати маблағҳои буҷа айбдор мешавад. Мақомот гуфтанд, Шкаруп замони ҳокими шаҳри Сарани вилояти Қарағанда будан маблағҳои буҷаро ғорат кардааст.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Шкаруп 10 соли зиндон бо мусодираи амвол ва маҳрум сохтани якумрӣ аз ишғоли мансабҳои давлатӣ талаб кардааст. Ҳамроҳ бо раиси пешини шаҳри Саран раиси пешини ширкати "Бунёди рушди ЖКХ" ва мудири ширкати "ENERCO " низ дар курсии айбдорӣ нишастаанд. Додситонӣ барои ин ду тан 8-солии зиндон талаб кардааст.

Мақомот мегӯянд, айбдоршавандаҳо дар солҳои 2014-2017 бидуни мавҷудияти низоми гармидиҳӣ дар шаҳр, аз ҳисоби буҷа дар манзили сокинон ҳисобкунаки оби гарм насб кардаанд.

Баррасии парвандаи ҷиноии мазкур моҳи декабри соли 2019 шуруъ шуд. Шкарупро моҳи ноябри соли 2018 боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG