Ссылки доступа

Нозирони роҳи қирғиз дар зоймони зани ҳомилае кумак кардаанд


Нозирони Раёсати таъмини бехатарӣ дар роҳҳои вилояти Чуйи Қирғизистон дар зоймони зани ҳомилае кумак карданд, ки шавҳараш натавонистааст ӯро сари вақт ба шифохона расонад.

Ба огаҳии раёсат, шавҳари зан, ки натавонистааст, сари вақт ҳамсарашро ба беморхона расонад, шаби 15 январ, тахминан соатҳои 3 аз нозирони роҳ дар деҳаи Ново-Покровкаи ноҳияи Исиқата дархости кумак кардааст.

Нозирони роҳ Качигулов ва Кусеинов дар таваллуди кудак кумак расонда, сипас бо мошини хидматии худ модару тифлро то ба беморхона расондаанд. "Хушбахтона, тифл солим ба дунё омадааст ва волидон низ дар навбати худ ба нозирони роҳ миннатдорӣ баён карданд", - омадааст дар иттилоияи раёсат.

Ба иттилои манбаъ, модару кудакро аллакай аз беморхона ҷавоб додаанд.

XS
SM
MD
LG