Ссылки доступа

Додгоҳи Куриё як раҳбари "Samsung"-ро дубора зиндонӣ кард


Додгоҳе дар шаҳри Сеул дар натиҷаи бозбинии парвандаи ришвахорӣ раҳбар ва меросбари "Samsung Group" Чжэ Ён Лиро дувуним сол аз озодӣ маҳрум кард.

Бино ба навиштаи Bloomberg, Чжэ Ён Лиро баъди қироати ҳукм дар толори додгоҳ ҳабс карданд. Ба иттилои Yonhap, Лӣ гӯиё ба Чхве Сун Сил - дугонаи президенти вақти Куриёи Ҷанубӣ Пак Кин Хе пора додааст, то барои ба даст овардани идораи "Samsung Group" кумак кунад.

Додгоҳи Куриёи Ҷанубӣ Чжэ Ён Лиро соли 2017 бо ҷурми фасодкорӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум карда буд. Он замон гуфта шуд, ки Чжэ Ён Лӣ ба додани пора ба президенти пешини кишвар айбдор дониста мешавад.

Вале Лӣ моҳи феврали соли 2018 аз зиндон озод гашт. Додгоҳи баррасии шикоятҳо ҳукми зиндони ӯро ба шартӣ иваз карда, ҳамчунин бо назардошти ҳаҷми пора аз 5 сол то ба дувуним сол поин бурд.

Додгоҳи олии ин кишвар соли 2019 ҳукмро бекор карда, ба бозбинии парванда дастур дод. Додситонӣ барои Лӣ 9 соли зиндон талаб карда буд.

XS
SM
MD
LG