Ссылки доступа

Мансабдорони узбек ба давлат беш аз 500 млрд сӯм зарар расондаанд


Додситонии кулли Узбекистон иттилоъ дод, ки соли гузашта дар он кишвар 1723 мансабдор ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Ба огаҳии додситонӣ, 132 нафари ин мансабдорон дар фасодкорӣ айбдор гаштаанд.

Ҳамчунин 58 мансабдор барои сӯистифода аз мақом, 227 кас барои қаллобӣ ва 835 тани дигар ба хотири азхудкунии амволи ғайр ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Бештари муҷозотшудаҳо (1669 кас) дар бахшҳои ноҳиявию шаҳрии вазорату идораҳои давлатии Узбекистон кор мекардаанд.

Додситонии Узбекистон мегӯяд, дар натиҷаи ҷинояткории мансабдорони мазкур давлат 500,1 млрд сӯм ($47,6 млн) зарар дидааст. Дар натиҷаи тафтишот 355, 7 млрд сӯм ($33,8 млн) ба давлат баргардонида шудааст.

XS
SM
MD
LG