Ссылки доступа

Дар Фарғонаи Узбекистон садҳо коргари корхонаи нафт корпартоӣ доранд (видео)


Садҳо коргари корхонаи коркарди нафти Олтиариқи вилояти Фарғонаи Узбекистон аз 10 январ ба ин тараф корпартоии бе муҳлат эълом кардаанд.

Коргарони норозӣ аз ихтисори кормандон ҳар рӯз роҳи назди коргоҳро мебанданд.

Намояндагони коргоҳ гуфтанд, коргарон ихтисор нахоҳанд шуд, аммо ба далели кам шудани ҳаҷми кор маоши кормандон ихтисор хоҳад шуд.

Дар як соли охир коргарони корхонаи мазкур чанд маротиба корпартоӣ карданд. Коргарон зидди тағйироте баромад мекунанд, ки баъди ба ихтиёри ширкати "Jizzakh Petroleum" гузаштани корхонаи нафти Олтиариқ рӯи даст гирифта мешавад.

"Аз замоне ки корхонаи ба ихтиёри "Jizzakh Petroleum" дода шуд, мо бекор мондем. Корхона амалан аз кор монд. Ба далели набуди нафт кор нест. Дар 9 моҳи охир корхона ба таври муътадил кор накардааст. Дар сурати комилан аз кор мондани корхона наздики 800 кас бе ҷои кор мемонад", - гуфт як корманди корхона ба шарти ифшо нашудани номаш.

XS
SM
MD
LG