Ссылки доступа

Муҷозоти 5 табиби қазоқ барои "куштори тифли навзод дар яхдон"


Додгоҳе дар Қазоқистон 18 январ ҳукми панҷ табиберо содир кард, ки дар доираи парвандаи марги як тифли навзод дар сардхонаи таваллудхонаи шаҳри Атирау зиддашон айб эълом шуда буд.

Табиби пешин Куаниш Нисанбаев 18 сол, табиби амрози занона Аскар Каиржан 16 сол, парастор Ҷамила Кулботирова 15 сол аз озодӣ маҳрум гаштанд. Ин се табиб ба "куштори кӯдаки ноболиғ бо маслиҳати пешакӣ" айбдор мешуданд. Нисанбаевро дар порагирӣ низ айбдор мекарданд.

Озодии ду табиби дигар Руслан Нурмуханбетов ва Дариға Ҷумабоева, ки дар хабар надодан ба мақомот айбдор мешуданд, 3,5 сол маҳдуд карда шудааст. Айбдоршавандаҳо ҳангоми эъломи ҳукм гуфтанд, ки худро гунаҳкор намедонанд.

​Гумонбарон пештар низ дар додгоҳ айби эъломшуда зидди худро рад карда буданд. Кулботирова​ гуфт, ду табиби амрози занона тасдиқ кардаанд, ки тифл модарзод мурда таваллуд шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа ҷасади тифлро печонда, дар сардхона гузоштанд.

Бино ба фарзияи тафтишот, тифл зинда ба дунё омада буд, вале дар пайи хунукназарии табибон он ҳамчун мурда қайд шудааст. Баъди он ки тифл нишонаҳои зинда буданро нишон додааст, табибон аз қайди он дар ҳуҷҷатҳо худдорӣ кардаанд. Дар Оҷонси мубориза бо фасоди Қазоқистон гуфтанд, ки сардухтури пешини таваллудхонаи вилоятии Атирау Куаниш Нисанбаев дастур додааст, ки тифл дар яхдон боқӣ бимонад.

XS
SM
MD
LG