Ссылки доступа

Узбекистон 100000 моя ваксинаи "Pfizer" фармоиш додааст


Узбекистон 100000 моя ваксинаи зидди коронавирус - "Comirnaty" фармоиш додааст, ки аз сӯи ширкати амрикоии "Pfizer" ва олмонии "BioNTech" истеҳсол мешавад.

Дар ин бора сардори Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Узбекистон Баҳодур Юсупалиев хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, Вазорати тандурустии Узбекистон ва созмонҳои шарик барои 20 дарсади аҳолии ин кишвар ваксинаи зидди коронавирус фармоиш додаанд. "Феълан барои интиқоли 100 ҳазор моя ваксинаи "Comirnaty" зидди коронавирус ба Узбекистон дар ҳамкорӣ бо созмони GAVI корҳо идома доранд", - изҳор дошт Юсупалиев.

Пештар хабар дода шуд, ки ваксинаи "Pfizer/Biotech" бояд дар 70 дараҷа сардӣ нигаҳдорӣ шавад. Юсупалиев мегӯяд, дар Узбекистон ин гуна яхдон мавҷуд аст. Вай хабар дод, ки ҳоло дар ин кишвар ба нақшагирии раванди ваксинагузаронӣ ва омӯзондани табибон аллакай оғоз шудааст.

Ваксинаи Pfizer/Biotech яке аз нахустин ваксинаҳои зидди коронавирус аст, ки аз сӯи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тасдиқ шудааст.

XS
SM
MD
LG