Таҳқиқот пеш аз боздошти Навалний анҷом шудааст. Дар ин филми ҳуҷҷатии дусоатӣ аст худи Навалний низ иштирок кардааст.
"Қасри Путин" қароргоҳе дар наздикиҳои Геленҷик аст, ки солҳои 2005-2010 бунёд шудааст. Соҳибкор Сергей Колесников ҳам соли 2010 гуфта буд, ки он барои Путин бунёд шудааст. Колесников тарҳи қасрро 1 миллиард доллар арзёбӣ карда буд. Дар бораи ин қаср борҳо расонаҳо, аз ҷумла бахши русии Радиои Озодӣ навишта буданд.
Дар таҳқиқоти Бунёди мубориза бо фасод нақшаи сармоягузории сохтмони қаср ошкор карда шудааст.
"Ин маконе аст, ки дар Русия аз ҳама ҷо дида сахттар муҳофизат мешавад. Ба монанди давлат дар дохили давлат аст ва бузургтарин сирри "путинӣ" низ ҳаст", - гуфта мешавад дар таҳқиқот.