Ссылки доступа

Ҷо Байден барои адои савганд ба ҳайси президенти ИМА вориди Вашингтон шуд


Ҷо Байден, президенти тозаинтихоби ИМА рӯзи сешанбе дар аёлати Делавэр суханронӣ кард ва барои адои савганд ба ҳайси президенти нави ИМА озими Вашингтон шуд.

Байден дар Маркази севуми неруҳои захиравии Горди миллии аёлати Делавэр суханронӣ кард, ки ба ифтихори Ҷозеф "Бо" Байден - писари калонии Ҷо Байден номгузорӣ шудааст. Писари Байден солҳои 2007 то 2015 додситони кулли Делавэр буд. Бемории муолиҷанопазире сабаби марги вай шуд.

Байден гуфт, аёлати Делавэр маконе аст, ки "дар замони сахтӣ" барои волидони вай қути лоямут дода буд

Президенти тозаинтихоб ҳамроҳи ҳамсараш баъди суханронӣ озими аёлати Вашингтон шуд. Интизор меравад, имрӯз 20 январ дар Вашингтон маросими адои савганди президенти нав баргузор шавад. Байден 46-умин президенти ИМА аст.

Хабаргузориҳо навиштанд, ки Доналд Трамп президенти амалкунанди ИМА дар маросими адои савганди Байден ширкат намекунад. Кохи сафед навори худоҳофизии Трампро замоне нашр кард, ки ҳавопаймои Байден дар наздикии Вашингтон фуруд омад. Ба навиштаи расонаҳо, Трамп дар суханронии қариб 20 дақиқаӣ боре ҳам номи Байденро ба забон наовардааст.

XS
SM
MD
LG