Ссылки доступа

Котиби давлатии ИМА гуфт, Чин дар Шинҷон "наслкушӣ" мекунад


Майк Помпео, котиби давлатии ИМА, ки имрӯз салоҳияташ ба поён мерасад, 19 январ Чинро дар "наслкушӣ" ва "ҷиноятҳои зиддибашарӣ" нисбати уйғурҳо ва дигар сокинони пайрави дини ислом дар минтақаи Шинҷон айбдор кард.

"Ман бар ин боварам, ки наслкушӣ идома дорад ва мо талоши муназзами маҳвсозии уйғурҳоро таҳти "роҳбарӣ ва назорат"-и ҳизби комунистии Чин шоҳид ҳастем", - омадааст дар изҳороти Помпео.

Чунин изҳорот, тавре интизор меравад, вокуниши хашмолуди Пекинро ба бор хоҳад овард, зеро Чин борҳо танқиди ҷомеаи ҷаҳониро дар робита ба воқеаҳои Шинҷон рад кардааст.

Помпео аз ҳамаи созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла додгоҳҳои байналхалқӣ даъват кард, ки парвандаҳои марбут ба муносибати Чинро бо уйғурҳо ба баррасӣ гиранд. Вай ҳамзамон изҳори умедворӣ кард, ки ИМА минбаъд низ фишори рӯзафзунро ба Пекин идома медиҳад.

Энтонӣ Блинкен, котиби давлатии тозатаъйин дар ҳукумати Ҷо Байден шоми 19 январ гуфт, вай бо баҳодиҳии Помпео мувофиқ аст. Тими Байден низ пештар аз ин муносибати Пекинро бо сокинони Шинҷон "наслкушӣ" унвон карда буд.

Солҳои охир сиёсати раҳбари Чин, Сӣ Ҷинпин, мусалмонони ин кишварро дар вилояти Шинҷон ҳадаф қарор додааст. Онҳо мегӯянд, мавриди назорат, боздошт ва ба истилоҳ бозтарбияи иҷтимоиву сиёсӣ қарор мегиранд.

Чин ҳеч гоҳ қонуншиканӣ ё поймол кардани ҳуқуқи мусалмонҳои кишварро эътироф накарда, баръакс, гуфтааст, ин иқдомҳо барои пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм ҳастанд.

XS
SM
MD
LG